вторник, 24 ноября 2009 г.

Банки Исломи

Банк таъминкунандаи яке аз мухимтарин ниезхои иктисоди,яъне чобачойи пул ва анчоми корхои лозим барои анвоъи мубодила дар байни мардум аст,ва мухимтарин вазифаи банк,дарефти супурдахои муштариени худ мебошад.

Анвоъи «супурида» дар Банк.

Супурда чист? ба пулхое,ки мардум барои нигахдори ба банк месупоранд ,дар истилох

«Супурда» мегуянд.

Иддае аз мардум пули худро назди банк месупоранд,ки онро аз дастбурд ва осебхои дигар дур кунанд ва ба мардуме,ки ба ин пул ниезманданд,имкони истифода аз онро дода бошанд,ба ин «супурдахо» «Карзулхасанаи Пасандоз»мегуянд.Банк хам барои нигахдорони пули дорандагони ин «супурдахо» аз онхо хазина (хак- просент)дарефт намекунанд.

Гурухи дигари пули худро ба банк месупоранд ва»даста Чек» (чековая книжка)дарефт мекунанд.Дорандаи даста чек метавонанд дар хар кучо хар замон аз супурдаи худ харч кунанд ба ин сурат,ки ба чойи пул ба тарафи мукобили худ як барг аз дастаи чеки худ медихад.У бояд маблаги мавриди назари худро руйи баргаи чек нависад.Ба ин навъ супурдахо»Карзул хасанаи чори»мегуянд.

Иддае дигар аз мардум мехоханд,ки бо пули худ сармоягузори кунанд ва суде ба даст

оранд,амммо тарчех медихад,ки банк аз тарафи онхо ин корро анчом дихад.Монанди сармоягузории банк дар фаъолиятхои бозоргони,хидмати ,тавлиди,сохти мавкану сохтмон,кишоварзи,санъат ва маъдан сармоягузори мекунад ва мардумро дар суди ба даст омада аз он шарик мекунад.

Ба ин гуна супурдахо «Супурдаи Сармоягузори»мегуянд.

«Хадамоти Банк ба мардум»

---Додани анвои карз ба мардум:

Банк бо таваччух ба супурдахои чории мавчуди назди худ ба мутакозиен( муштариен-клиет) карзи хона издивоч,таъмирот ва гайра карз медихад.

---Ироаи (додани) анвоъи чекхо:

Банк барои осон кардани хамлу накли пул таввсутти мардум,анвоъи чекхои мусофирати (туристический чек),

тазмини(гарнатыйний) ва гайра медихад то мардум аз хамлу накли дастахои бузурги пул бениез бошанд.

---Фуруши анвоъи пулхои рончи дуне:(exchang office)

Банк дар мукобили пули шумо,пули рончи кишвари мавриди назарро ба шумо медихад.(обмена валюты)

---Ирсоли пул барои хисобхои дигар:

Чунончи бихохед ба шахсе е муассисаи пуле бидихед метавонед аз тарики банк пулро ба хисоби онхо ворид намоед.

---Дарефти пули об,газ ва телефон:

Шумо метавонед барои пардохти вачхи об,барк,газ ва телефони манзили худ ба банк мурочиа намоед.

Комментариев нет: