вторник, 24 ноября 2009 г.

Банки Исломи

Банк таъминкунандаи яке аз мухимтарин ниезхои иктисоди,яъне чобачойи пул ва анчоми корхои лозим барои анвоъи мубодила дар байни мардум аст,ва мухимтарин вазифаи банк,дарефти супурдахои муштариени худ мебошад.

Анвоъи «супурида» дар Банк.

Супурда чист? ба пулхое,ки мардум барои нигахдори ба банк месупоранд ,дар истилох

«Супурда» мегуянд.

Иддае аз мардум пули худро назди банк месупоранд,ки онро аз дастбурд ва осебхои дигар дур кунанд ва ба мардуме,ки ба ин пул ниезманданд,имкони истифода аз онро дода бошанд,ба ин «супурдахо» «Карзулхасанаи Пасандоз»мегуянд.Банк хам барои нигахдорони пули дорандагони ин «супурдахо» аз онхо хазина (хак- просент)дарефт намекунанд.

Гурухи дигари пули худро ба банк месупоранд ва»даста Чек» (чековая книжка)дарефт мекунанд.Дорандаи даста чек метавонанд дар хар кучо хар замон аз супурдаи худ харч кунанд ба ин сурат,ки ба чойи пул ба тарафи мукобили худ як барг аз дастаи чеки худ медихад.У бояд маблаги мавриди назари худро руйи баргаи чек нависад.Ба ин навъ супурдахо»Карзул хасанаи чори»мегуянд.

Иддае дигар аз мардум мехоханд,ки бо пули худ сармоягузори кунанд ва суде ба даст

оранд,амммо тарчех медихад,ки банк аз тарафи онхо ин корро анчом дихад.Монанди сармоягузории банк дар фаъолиятхои бозоргони,хидмати ,тавлиди,сохти мавкану сохтмон,кишоварзи,санъат ва маъдан сармоягузори мекунад ва мардумро дар суди ба даст омада аз он шарик мекунад.

Ба ин гуна супурдахо «Супурдаи Сармоягузори»мегуянд.

«Хадамоти Банк ба мардум»

---Додани анвои карз ба мардум:

Банк бо таваччух ба супурдахои чории мавчуди назди худ ба мутакозиен( муштариен-клиет) карзи хона издивоч,таъмирот ва гайра карз медихад.

---Ироаи (додани) анвоъи чекхо:

Банк барои осон кардани хамлу накли пул таввсутти мардум,анвоъи чекхои мусофирати (туристический чек),

тазмини(гарнатыйний) ва гайра медихад то мардум аз хамлу накли дастахои бузурги пул бениез бошанд.

---Фуруши анвоъи пулхои рончи дуне:(exchang office)

Банк дар мукобили пули шумо,пули рончи кишвари мавриди назарро ба шумо медихад.(обмена валюты)

---Ирсоли пул барои хисобхои дигар:

Чунончи бихохед ба шахсе е муассисаи пуле бидихед метавонед аз тарики банк пулро ба хисоби онхо ворид намоед.

---Дарефти пули об,газ ва телефон:

Шумо метавонед барои пардохти вачхи об,барк,газ ва телефони манзили худ ба банк мурочиа намоед.

Вакт кутоху фурсат Ганимат

ВАКТ КУТОХУ ФУРСАТ ГАНИМАТ.

Аз ин руз коре ба фардо мамон.

Чи дони, ки фардо, чи гардад замон.

Бале, умри мо мегузарад рузи мо мегузарад ,вакти

кимматбахоро паси Сар мекунем, фурсатро аз даст медихем. Умри инсон мисли оби даре тез об дар куза гирифта дар чое нигох дошта наметавонем. Чи бояд кард? Ин савол аксарияти моро дар азоб мемонад ва барои фикр кардан мачбурамон месозад. Бояд мо кушиш намоед, то инки вактро аз даст надихему фурсатро ганимат донем.

Бале, мо бояд шукри сулху ободии Ватан намоему вакти кимматбахои худро ба манфиати худ анчом дихем. Ватанамонро хифз намоем аз пирони рузгордида маслихат гирем. Аз он набояд хурсанд шавем, ки боз як рузро паси сар намудани як руз мо бояд донем, ки як рузи умри мо кутох шуд.

Аммо на хама инро дарк мекунанд. Хурсанд аз он мешавад, як калон шуданд. Аз як руз калон шудани худ мефахранду меболанд, аммо фикри онро намекунан, ки рузи онхо вакти онхо бефоида аз даст рафт.

Мо холо чавонем. Чи будани вакту фурсатро намедонем. Бинобар он бо шухию бозихои чавони руз мегузаронем. Фикр мекунем, ки мо кабутаронему бегумона дар осмони софу бегубор парвоз карда истодем. Аммо мо бояд донем, ки он кабутарони дар парвоз буда ,низ ба худ мувофик гам доранду мехоханд,ки вакташон бехуда нагузарад.

бале, мо то кобили онхо нестем, ки каме хам бошад, дар бораи ояндаи худ биандешем.

Вакте, ки назди пирони рузгордида менишинему аз онхо дар бораи хает ва фаъолияташон мепурсан, дар охир хамаашон мегуянд, ки «Мо аз худ дар ин дуне хеч чиз мерос нагузоштем акнун шумо чавонон кушиш намоед, то аз худ барои ояндахо чизе нишона гузоред».

Бо шунидани ин суханон ман худ дар хайрат афтодам. Чи хеле ,ки мо хама шохидем, ободии кишварамон шахру дехаамон аз мехнати хамаи он пирон аст. Онхо Ватанро обод карданд, богхо бунед карданд, мактабу мадрасахо бино намуданд, то ки ин хама мехнати зиед онхо барои мо чизе намонда бошанд, пас мо холо кучоро обод намудем.

Бархе аз чавонон мехоханд ,ки имруза корро фардо ичро намоянду онруз бегам гарданд. Охир мо намедонем, ки фардо моро чи гуна руз интизор аст. Хар кор вакту соати худашро дорад.

Бояд хамаи корро имрузу фардо нагуфта, ба анчом расонем. Ба анчом расонидани корамон на ба шахси бегона, балки ба худи мо фоида меоварад.

Замона дигар шуду бо худ дар ин дуне дигар хел фардхоро овард. Мо хама баробари замона кадам менихем. Дар ин дуне бой хасту гадо пир хасту чавон бемор хасту саломат,хама дар назди худо баробар. Бинобар он мо набояд бигуем, ки «Ба вай худо додааст, ба мо хам медихад балки харакат намоем, то ин ки мо низ мисли дигарон бошем. Чунончи гуфтаанд:

«Аз ту харакат аз худо баракат»

Чаноби оли президенти кишварамон Э.Рахмон дар хар баромади худ такрор ба такрор мегуянд, ки ояндаи ватанамон дар дасти щумост.Агар мо вактамонро сарфакорона истифода набарем,чи гуна метавонем Точикистонамонро обод намоед?чи гуна бокимонда камбудихои диерамонро менамоем.

Вакт аз оне, ки дар кучахои шахру дехот чашмам ба чавонони майзадаю берохагард меафтад.ба худ меандешам, ки чаро чунин чавонони бетарбия руз то руз дар чумхури зиед шуда истодааст. Гох ба худ меандешидам, ки ба онхо бифахмонам то аз ин рохи бадашон гарданд, аммо дар хол худро аз ин фикр дур месозам, ки ба онхо маслихат додан фоидае надорад.Гох бо ин хама навоварихоям ба онхо рохи дурустро мефахмонам,аммо аз онхо гайр аз суханони ношоями кабех чизи дигарро ба худ чавоб намегирам.Бовари хосил мекунам, ки чунин чавонон на кадри падару модарро медонанду на хифзи ватанро, пас онхо чи гуна вактро донанду, сарфаи онро, фурсатро донанду ганимат будани онро.

Дар баробари чунин чавонони камтарбия боз чавононе ефт мешаванд,ки рузи худро бо муваффакиятхо мегузаронанд.Хам дар ягон омузишгох тахсил мекунанду хам дар ягон корхона кор мекунанд.Чунин шахсон хам ба кадри худ хам ба кадри падару мадар ва хам ватан.Хамаи корхояшонро мувофики накша анчом медиханд ва хам мехоханд аз худ ба насли оянда чизеро боки гузаранд.Ин гуна шахсон хама вакт сохиби хурмату эхтироманд.

Чи хеле,ки дар урфият мегуянд»Агар худатро хурмату эхтиром намои,дигарон низ туро хурмат менамоянд»

Эй кам дар ин дуне аз зумраи чунин чавонон зиед гарданду ватанро обод намоянд.Ба кадри зиндаги бирасанду шукр аз сулху ватани Точикистон намоянд.

Вакти худро мувофики накша сарф намоянду аз худ чизеро ба манфиати ояндагон мерос гузоранд.Чи хеле,ки мо худ аз мероси гузаштагон (шоирону нависандагон) бахра бурда истодаем.

Банда низ кушишхои зиед менамоям, ки вакти кимматбахоямро бефоида сарф нанамояму аз худ нишонае ба насли наврас боки гузорам, то ин ки баъд аз сари ман маро ба мисли Хофизу Лоик,Саъдию Сино,Фирдассию Чоми ва амсоли инхо ба ед оранд.

Чумъаназар